Обуна шавед

Курси омӯзишии «Саводнокии рақамӣ бо омӯзиши Windows, Word, Excel, Internet» ба ташкили фаъолиятнокии аввалия дар самти кор бо компютери фардӣ ва маълумотҳои аввалияи воридотӣ (матнҳо, ҷадвалҳо, расмҳо ва ғайра), ки барои истифодаи самаранок ва бехатари технологияи рақамӣ ва маводҳои интернет дар доираи фаъолияти академикӣ лозим аст, равона карда шудааст.

Курси мазкур шунавандаҳоро бо асосҳои кор бо компютери фардӣ (КФ), саводнокии медиавӣ, бехатарии компютерӣ шинос намуда, имкони пайдо намудани малакаҳои кор бо барномаҳои компютерӣ ва хизматрасониҳои номӣ (Windows, Word, Excel, Internet, барномаҳои стандартӣ ва ғайра) медиҳад, ки ҳангоми кор ва таълим заруранд.

Бисёре аз вазифаҳо дар курс амалӣ буда, ба пайдо намудани таҷрибаву малака, ки барои истифодабарандагони асри XXI ҳатмист, кӯмак мерасонанд.

Дар бораи курс

О курсе

Курси омӯзишии «Саводнокии рақамӣ бо омӯзиши Windows, Word, Excel, Internet» дар ҳаҷми аввалияи зарурӣ таҳия шуда, ба шунавандагон истифодаи КФ ва дар сатҳи аввалия самаранок намудани раванди кор бо маълумотҳоро имкон медиҳад.

Намуди машғулиятҳо

Курс аз видеолексияҳои ба қисмҳои аз 8 то 15 дақиқа тақсимшуда иборат мебошад. Ҳар як лексия бо тестҳои баҳодиҳии иборат аз 15-20 савол ҷамъбаст мешавад. Пас аз итмоми курс шунавандагони сертификатгиранда имтиҳони ниҳоиро аз рӯи ҳамаи маводҳои курс месупоранд.

Талабот

Барои омӯзиши курс компютер бо дастрасии интернет ва ҳаҷми кифояи хотира барои дохилкунии таъминоти барномавӣ, почтаи электронӣ ва гурӯҳи барномаҳои Ms Office лозим аст.

Барномаи курс

Сарсухан
Оид ба курс ва лаҳзаҳои асосӣ

Қисми 1. Компютери фардӣ
Мавзӯи 1.1. Асосҳои КФ
Мавзӯи 1.2. Мушкилот ва ҳал

Мавзӯи 1.3. Насбкунӣ ва танзими антивирусҳо
Қисми 2. Windows OS
Мавзӯи 2.1. Малакаҳои оддӣ
Мавзӯи 2.2. Мизи корӣ

Мавзӯи 2.3. Идоракунии системаи файлҳо

Мавзӯи 2.4. Вирусҳо

Мавзӯи 2.5. Идоракунии принтер

Қисми 3. MS Word
Мавзӯи 3.1. Малакаҳои оддӣ
Мавзӯи 3.2 Амалиётҳои асосӣ
Мавзӯи 3.3 Форматиронӣ
Мавзӯи 3.4. Объектҳо

Мавзӯи 3.5. Ба чопбарорӣ
Қисми 4. MS Excel
Мавзӯи 4.1. Истифодаи барнома
Мавзӯи 4.2. Катакҳо
Мавзӯи 4.3. Варақҳо
Мавзӯи 4.4. Формулаҳо ва функсияҳо

Мавзӯи 4.5. Форматиронӣ

Мавзӯи 4.6. Тасвирҳо/ диаграмаҳо

Мавзӯи 4.7. Чопкунӣ

Қисми 5. MS Powerpoint
Мавзӯи 5.1. Сохтани слайдҳо
Мавзӯи 5.2. Кор бо аниматсия
Мавзӯи 5.3. Гузариш ба слайд-шоу

Мавзӯи 5.4. Идоракунии овоз

Қисми 6. Шабакаҳо ва Интернет
Мавзӯи 6.1. Интернет
Мавзӯи 6.2. Ҷустуҷӯ дар Интернет
Мавзӯи 6.3. Почтаи электронӣ

Мавзӯи 6.4. Паёмакҳо

Натиҷаи омӯзиш

Дар натиҷаи азхудкунии курс шунавандагон метавонанд аз технологияҳое, ки бо онҳо ҳамарӯза дар Донишкада ва ҳаёти рӯзмарра сарукор мегиранд самаранок истифода намоянд, ҳифзи маълумотҳои фардии худро аз қаллобон ва барномаҳои вирусӣ таъмин намоянд, кор бо матнҳоро беҳтар иҷро созанд, таҳлили маводҳо ва маълумотҳоро тезтар иҷро намоянд.

Самти тайёрӣ

Технологияҳои компютерӣ

Обуна шавед