Департаменти таҳсилоти фосилавӣ зерсохтори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент буда, таҳсилоти фосилавии онлайнро дар Донишкада ба роҳ мондааст.

Таҳсилоти фосилавии онлайн талаботи давру замони муосир буда, барои донишҷӯён шароитҳои фарохтари донишомӯзиро, аз ҷумлаи шароити донишомӯзӣ бе ҳозир шудан ба Донишкада, шароити кору донишомӯзӣ дар як вақт, шароити соҳиб шудан ба маълумоти олии ба стандартҳои байналмиллалии таълим ҷавобгӯ новобаста аз макони зист ва ғайраро пешкаш менамояд.

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аввалин ва ягона муассисаи таълимии ғайридавлатии омўзгорӣ дар ҷумҳурӣ буда, фаъолияти худро тибқи барнома ва нақшаҳои таълимии тахассуси стандартҳои давлатӣ, ки ба омода намудани мутахассони касбӣ ҷавобгӯ ба талаботи давру замон мебошад ба роҳ мондааст. Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент зодаи даврони истиқлолият буда, дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент аз 16 июли соли 1991 ҳамчун шўъбаи Маркази осиёимиёнагии Донишгоҳи озоди Русия таъсис ёфта ва аз соли 1994 ҳамчун Донишгоҳи озоди Тоҷикистон фаъолият намуда, аз ду факултет: ҳуқуқшиносӣ ва менеҷменти тиҷоратӣ иборат буд. Вобаста ба талаботи айём соли 2001 дар донишкада факултети омўзгорӣ ташкил карда шуд. Соли 2007 вобаста бо таъсиси ихтисосҳои нави омўзгорӣ, таълимгоҳ номи Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакентро гирифт.

Таъсис ёфтани донишкада дар ҳаёти маънавӣ, маърифатӣ, илмӣ ва фарҳангии водии Зарафшон ва вилояти Суғд рўйдоди фараҳбахш ва дорои аҳамияти бузурги сиёсию фарҳангӣ маҳсуб меёбад ва дар китоби таърихи илму маориф ва фарҳанги Панҷакенти бостонӣ як саҳифаи навро боз намудааст.

Имрўз дар Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент зиёда аз 2500 нафар донишҷўен таҳсил менамоянд, кӣ аз онҳо 1700 нафарашон ба шакли ғоибонаи таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо 146 нафар устодони соҳибкасбу бомаҳорат сабақ меомўзанд, ки дар ҳайати онҳо 4 нафар доктори илм, ва 24 нафар номзадҳои илм фаъолият мекунанд. Теъдоди умумии кормандон беш аз 240 нафарро ташкил медиҳад.

Донишкадаи мазкурро то имрӯз зиёда аз 10000 нафар ҷавонон хатм намудаанд ва ҳоло дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ кору фаъолият карда истодаанд.